Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Узбекистон: "Хулосаҳои СММ дар бораи Гулнора Каримова дуруст нест"


Гулнора Каримова як замон аз ворисони падараш Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон ба ҳисоб мерафт.
Гулнора Каримова як замон аз ворисони падараш Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон ба ҳисоб мерафт.

Мақомоти Узбекистон  танқидҳои Созмони Милали Муттаҳид дар бораи шеваи муносибат ва муҳокимаи Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури собиқро рад кардаанд.

Маркази миллии ҳуқуқи инсон дар Узбекистон посухи расмии кишвар ба гузориши Гурӯҳи кории СММ дар бораи боздоштҳои худсарона дар робита бо парвандаи Гулнора Каримоваро нашр кард, ки дар он омадааст, хулосаи гурӯҳ дуруст нест.

Дар гузориши ин гурӯҳ боздошт ва зиндонӣ кардани Гулнора Каримоваро олуда ба қонуншиканӣ ва ғайриқонунӣ хондаанд. Хулосаҳои коршиносони Созмони Милал ин аст, ки аз соли 2014 дар зиндон нигоҳ доштани Гулнора Каримова хилофи қонунҳои байналмилалӣ аст. Гурӯҳи кории СММ таъкид кардааст, ки вазифааш арзёбии ҷараёни боздошту зиндони кардани Каримова ва на баҳогузорӣ ба гунаҳгор будан ё набудани ӯ будааст.

Мақомоти Узбекистон гуфтаанд, ки дар гузориши Гуруҳи кории СММ назари якҷониба истифода шудааст ва посухи расмии Тошкандро, ки зоҳиран ба ин кумита саривақт нафиристодаанд, нодида гирифтаанд, ки одилона нест.

Дар посухи ҳукумат, аз ҷумла, омадааст: «Тамоми парвандаҳои ҷиноятии Гулнора Каримова бар асоси муқаррароти қонунҳо ва ҳам мутобиқ ба ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар, аз ҷумла Аҳдномаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ таҳқиқ шудаанд». Дар тамоми марҳилаҳо, ба таъкиди ҳукумати Узбекистон, адолати додгоҳӣ таъмин шудааст. Дар изҳороти мақомоти Узбекистон омадааст: «Каримова ба вакили дифоъ, аз ҷумла, вакиле, ки худаш интихоб карда буд, дастрасӣ дошт. Имкони шикоят аз қарори додгоҳро дошт.»

Тасвири қонунишиканиҳо ҳангоми муҳокима?

Гуруҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона гуфтааст, 14 феврали соли 2014 Гулнора Каримоваро маъмурони амниятӣ бидуни амри додгоҳ боздошт карданд ва баъди ин ӯ 18 моҳро бо духтараш дар ҳабси хонагӣ, бидуни тамос бо ҷаҳони беруна сипарӣ кардааст. Духтари ноболиғаш наметавонист ба мактаб равад.

Рӯзи 21 августи соли 2015 дар ошхонаи манзили Каримова дар шаҳри Тошканд мурофиаи додгоҳӣ барпо шудааст. Дар мурофиа, ба гуфтаи СММ, ду вакили таъйинкардаи давлат ҳузур доштанд, вале Каримова пеш аз мурофиа бо онҳо имкони сӯҳбат кардан надоштааст. Дар ин муҳокима дар ошхона Гулнора Каримоваро ба 5 соли ҳабси хонагӣ маҳкум карданд.

Муҳокимаи дуюм рӯзи 18 декабри соли 2017 пушти дарҳои бастаи Додгоҳи вилояти Тошканд барпо шудааст ва ба Гулнора Каримова имкон надоданд, ки зидди ин ҳукм шикоят кунад. Январи соли 2018 ӯро ба 10 соли зиндон маҳкум карда, ба зиндони занона бурданд.

Парвандаи сеюми ҷиноятӣ сентябри соли 2019 ифтитоҳ шуд ва Гулнора Каримоваро ба 13 солу чаҳор моҳи зиндон маҳкум карданд. Ӯро дар ташкили гурӯҳҳои ҷиноӣ, қаллобӣ гунаҳкор донистанд.

Гурӯҳи кории СММ навиштааст, ки дар парвандаи Каримова чандин мавриди қонунҳои байналмилалӣ нақз шудааст ва барои ҳамин ҳукумати Узбекистон бояд ба ӯ ҷуброни маънавӣ пардозад ва парвандаи ӯ дигарбора ва одилона баррасӣ ва муҳокима шавад.

Мақомоти интизомии Узбекистон Гулнора Каримоваро ба фасодкорӣ ва аз худ кардани пули зиёди давлат муттаҳам кардаанд. Соли 2025 ҳукумати Узбекистон дар бораи пулҳои баргардонидашудаи Каримова аз хориҷ гузориш дод. Вазорати иқтисод ва молия гуфт, ки ин пулҳо ба вазоратҳои беҳдошт ва маориф дода мешаванд. Отабек Фозилкаримов, муовини вазири иқтисоду молияи Узбекистон он замон гуфт, ки 87 миллион доллар пулҳои баргардонидашуда аз Швейтсария дар миёни вазоратҳои беҳдошт ва маориф тақсим карда мешаванд.

Додситонии кулли Узбекистон гуфт, зарари умумие, ки Каримова ба «манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон расонидааст», чунин аст:

- 1 триллиону 270 миллиарду 200 миллион сӯм

- 1 милиларду 651 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА

- 26,1 миллион евро

Яке аз қонуншиканиҳои ҷиддие, ки Каримоваро дар он давлатҳои аврупоӣ ҳам гунаҳгор мекунанд, ин аст, ки ӯ аз ширкатҳои азими мухобиротии хориҷӣ дар Узбекистон ва барои фаъолият дар қаламрави кишвар садҳо миллион доллар ришва гирифтааст.

Тавсияҳое, ки иҷрояшон ҳатмӣ нест?

Абдураҳмон Ташанов, раиси созмони ҳомии ҳуқуқи инсон «Эзгулик» дар сӯҳбат бо Радиои Озодлик гуфт, «хулосаҳои Гурӯҳи корӣ хусусияти машваратӣ доранд» ва ҳукумати Узбекистон, ба эҳтимоли зиёд, ҳукмро тағйир намедиҳад. Гулнора Каримова қисми зиёди ҳукми зиндонро адо кардааст ва ҳоло дар зиндони сукунатии шаҳраки Пскенти вилояти Тошканд нигаҳ дошта мешавад. Хулосаҳои Гурӯҳи кории СММ ба ӯ дар оянда, дар сурати тақозо барои паноҳандагии сиёсӣ лозим шуда метавонад, агар Каримова баъди раҳоӣ аз ҳабс бихоҳад, ки дар кишвари дигар зиндагӣ кунад», гуфт Ташанов.

Каримоваро замоне вориси тахти падар меномиданду бори аввал ҳам ӯ дар замони зинда будани Ислом Каримов ба зиндон андохта шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз Узбекистон мегӯянд, парвандаи ӯ як намунаи барҷастаи мушкилот дар низоми додгоҳии ин кишвар мебошад.

Умеда Ниёзова, раҳбари Форуми ҳуқуқи инсони Узбекистон ва Олмон дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, «хулосаҳои Гурӯҳи кории СММ вазъи бисёр бади низоми додгоҳии Узбекистонро намоиш медиҳад. Ин як бахши хатарнок, маҳалли муҳорибаҳои бидуни қоида ва бераҳмона аст, ки қоидаҳои ҷинояткоронаи ҳоким дар низоми додгоҳии Узбекистонро ишфо мекунад». Ниёзова гуфт, Каримова қурбонии беқонуние шудааст, ки падараш онро эҷод кард ва дар ниҳоят духтараш ба чоҳи он афтод.

XS
SM
MD
LG