Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи ирсоли пойгоҳи "Пэтриот" ба Украина дар остонаи суханронии муҳими Трамп


Акс аз соли 2019
Акс аз соли 2019

Дар ҳоле ки аҳли олам мунтазири суханронии муҳими президенти ИМА дар бораи ҷанги Русияву Украина мебошад, Доналд Трамп ваъда дод, ки ба Украина пойгоҳи зиддиҳавоии "Пэтриот" мефиристад.

Шоми якшанбе дар суҳбат бо хабарнигорон раҳбари Амрико илова кард, ки ба эҳтимоли зиёд Иттиҳоди Аврупо ин пойгоҳро аз Амрико харида, сипас ба Украина тақдим мекунад. Трамп бори дигар аз президенти Русия Владимир Путин интиқод кард ва гуфт:

"Путин мардуми зиёдеро ба ҳайрат овардааст. Ӯ нарм суҳбат мекунаду бегоҳи ҳамон рӯз ҳамаро бомбаборон мекунад. Хуллас, мушкиле ҷо дорад, ки ба ман ҳеҷ писанд нест."

Дар давраи раҳбарии Ҷо Байден Амрико ба Украина се пойгоҳи "Пэтриот", ки беҳтарин силоҳи ҳимояи зидди мушакҳои баллистикӣ ва болдор ба ҳисоб меравад, дастрас намуд. Кишварҳои аврупоӣ чор пойгоҳи дигари "Пэтриот-ро дар ихтиёри украиниҳо қарор доданд.

Нашрияи "Аксиос" бо ишора ба манбаъҳои барояш қобили эътимод навиштааст, ки рӯзи душанбе Трамп дар бораи тағйири ҷиддии стратегияи кишвараш дар робита бо ҷанг дар Украина тавзеҳ хоҳад дод. Ба қавли "Аксиос", Трамп сиёсати ба истилоҳ "агрессив ё таҳоҷумӣ"-ро пеш гирифта, ба Украина аслиҳа барои ҳуҷум тақдим хоҳад кард.

Ҳамчунон пешбинӣ мешавад, ки имрӯз Трамп бо дабири кулли паймони НАТО Марк Рютте вохӯрда, аз ҷумла таҳаввулоти ахири Украинаро баррасӣ мекунад.
Аз сӯи дигар, имрӯз фиристодаи хоси Президенти ИМА дар умури Украина Кейт Келлог барои арзёбии амнияти Украина ва таҳрими Русия ба Киев сафар кардааст.

Омодагиҳо ба суханронии муҳими президент Трамп
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00



Яке аз муттафиқони нерӯманди Трамп - сенатори ҷумҳурихоҳ Линдси Греҳам дар мусоҳибааш бо телевизиони CBS-и Амрико гуфт, ки "дар рӯзҳои оянда мо шоҳиди ирсоли миқдори рекордии аслиҳа ба Украина мешавем".

Греҳам меафзояд, "яке аз хатоҳои бузурги Путин ин аст, ки ӯ бо Трамп бозӣ кард. Акнун Трамп бо путке мусаллаҳ мешавад, ки қудрати хатми ҷанг дар Украинаро хоҳад дошт."

Сенатори демократ Ричард Блументал, ки дар барномаи CBS ҳамроҳ бо Греҳам иштирок дошт, илова кардааст, ки дар байни аъзои Конгресси ИМА ва муттафиқони аврупоӣ мувофиқате ҳосил шудааст, ки барои кумак ба Украина аз 300 миллиард доллари Русия, ки дар бонкҳои ғарбӣ мунҷамид шудаанд, истифода бурдан зарур аст.


Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG