Гуфтугӯи сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Миёна дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе Муколамаи солонаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва Иттиҳоди Аврупо, доир шудааст. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин ҷаласа дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, баргузор шуд.

Дафтари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе мегӯяд, ки ҳайати аврупоиро дар мулоқоти рӯзи 11 июл, Олоф Скуг, муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо, раҳбарӣ кард.

Манбаъ афзуд, дар ҷаласа роҷеъ ба масъалаҳои умумии амниятӣ ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар пайи таҷовузи низомии Русия ба Украина, ҳамчунин вазъият дар Ховари Миёна ва Афғонистон, баҳсҳо сурат гирифтааст.

Дар хабарномаи Дафтари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо дар бахши амниятро тақвият бахшанд ва Иттиҳоди Аврупо омодагии худро барои пуштибонӣ аз ин талошҳо эълон кардааст.

Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, идоракунии марз ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин идоракунии об, аз дигар масъалаҳои мавриди баррасии ин ҷаласа будааст.

Иттиҳоди Аврупо бо 27 кишвари узв бузургтарин сармоягузори хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Иттиҳоди Аврупо ва панҷ кишвари минтақа дар соли 2023 харитаи роҳро барои густариши робитаҳояшон имзо карданд. Дар пайи он дар соли 2024 нишасти сармоягузорон баргузор шуд. Иттиҳоди Аврупо ваъда дод, ки ба роҳи тиҷоратии “Долони Миёна” 10 миллиард евро (10,8 миллиард доллар) сарф мекунад.

Дар авоили моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд нишасти аввалини сарони Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд ва бар асоси матни эъломияи он, Аврупо сармоягузориҳои навро дар минтақа дар назар дорад ва ҳадафаш ҳарчи зичтар кардани робитаи Брюссел бо кишварҳои Осиёи Миёна аст.