Белорус як шаҳрванди Тоҷикистонро ба Русия супурдааст

Мақомоти интизомии Ҷумҳурии Белорус як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ғоратгарӣ дар Русия муттаҳам мешавад, ба ин кишвар супурдаанд.

Шӯрои ҳамоҳангсози додситониҳои кишварҳои муштаракулманофеъ дар як баёнияи расмӣ хабар додааст, ки Зикриоллоҳ Зуҳурзодаро ба Русия супурдаанд, то барои ғорати ду нафар дар назди як маркази тиҷоратӣ дар Маскав ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад.

Дар ин баёния омадааст, Зикриоллоҳ Зуҳурзода, ҳамроҳ бо як шарикаш ба ду нафар дарафтода "аз ҷабрдидагон 5.8 миллион рублро рабудаанд".

Ҷузъиёти дигаре дар бораи ин ҳодиса нест, вале хабаргузории давлатии ТАСС рӯзи 12-уми ноябри соли 2023 гузориш додааст, ки дар ин рӯз ду фарди ношинос ба рӯи ду нафар газ пошида, онҳоро латукӯб кардаанд, бинии якеро ҳам шикастаанд ва 5.8 миллион рубли ӯро ғорат кардаанд.

Дар хабари ТАСС омадааст, ки фарди ҷабрдида ва ғоратшуда, шаҳрванди Чин мебошад.