Амрико барои молҳо аз Аврупо ва Мексика боҷи гумрукӣ ҷорӣ мекунад

Доналд Трамп

Президенти Амрико эълон кард, ки аз 1-уми август барои молҳои воридотӣ аз Мексика ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 30 дарсад таърифа ё боҷи гумрукӣ ҷорӣ мекунад. Ин нукта дар номаи Доналд Трамп ба роҳбарони ин кишварҳо зикр шудааст.

Ҷорӣ кардани таърифаҳои нав, як бахши асосии сиёсати Трамп барои бозбинии тиҷорат бо кишварҳои хориҷӣ аст. Дар як ҳафтаи ахир, Кохи Сафед эълон кард, ки барои молҳо аз 23 кишвар, аз ҷумла Канада, Ҷопон ва Бразилия таърифаҳои нав ҷорӣ мекунад. Боҷҳои гумрукӣ аз 23 то 50 дарсад пешбинӣ шудаанд.

Доналд Трамп талаб дорад, ки Иттиҳоди Аврупо боҷи гумрукӣ барои молҳои Амрикоро бекор кунад. Урсула вон дер Лейен, раиси Кумиссиёни Аврупо, тасмими ахири Трампро барои ҳарду тараф зараровар хонда, аз иқдоми ҷавобӣ ҳушдор дод.

Доналд Трамп дар айни ҳол Мексикаро ба он муттаҳам кард, ки дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ягон пешравӣ накардааст. Ҳукумати Мексика, ки 80 дарсади содироташ ба Амрико аст, таърифаҳои навро "ноодилона" хонд.

Тибқи омори Вазорати молияи Амрико, дар соли ҷории молиявӣ, боҷҳои гумрукӣ зиёда аз 100 миллиард доллар даромад овардаанд.