"Челси" қаҳрамони бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025 шуд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Ҷанни Инфантино, президенти ФИФА ба тамошои бозии ниҳоии қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон омаданд

Дастаи “Челси”-и Англия, ки дар бозии ниҳоии қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025 тими “ПСЖ” ("Пари Сен-Жермен")-и Фаронсаро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, бори дувум дар ин мусобиқот Ҷоми қаҳрамониро соҳиб гардид.

Бозии ниҳоӣ шаби 13-уми июл дар варзишгоҳи "MetLife Stadium” (Ню-Ҷерси)-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардид. Ҳарсе гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 22-юм нимҳимоятгари “Челси” Коул Палмер боз кард. Вай пас аз ҳашт дақиқа голи дувумро ба дарвозаи “ПСЖ” зад. Ҳамлагари нави “Челси” Жоао Педро дар дақиқаи 43-юм голи севумро ба самар расонд.

Ду нафар аз “Челси” - Коул Палмер беҳтарин бозигар ва Роберт Санчес беҳтарин дарвозабон, инчунин нимҳимоятгари “ПСЖ” Дезире Дуэ беҳтарин бозигари ҷавони Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо-2025 шуданд.

“Челси” дар мавсими гузашта дар Лигаи конфронс ғолиб омад ва дар финал “Реал Бетис”-и Испанияро мағлуб кард. Дастаи Винченсо Мареска ба силсилаи пирӯзии “ПСЖ” зери раҳбарии Луис Энрике хотима дод, ки дар мавсими гузашта онҳо чаҳор ҷоиза ба даст оварданд ва мақсад доштанд ҷоизаи панҷумро бигиранд.

Мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳҳо ҷаҳон - 2025 дар ИМА дар шакли нав баргузор шуд - бори аввал дар он 32 бошгоҳ аз шаш конфедератсияи қитъавӣ ширкат доштанд.

«Челси» бори дувум дар таърих дар мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳҳо ғолиб гардид. Дар финали соли 2021 бошгоҳи Лондон бар тими “Палмейрас”-и Бразилия пирӯз шуда буд.

Дарвоқеъ, аз ҳама бештар дар ин мусобиқот “Реал”-и Мадриди Испания ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуда, панҷ бор ҷоизаи асосиро гирифтааст. «Барселона»-и Испания се бор, «Челси»-и Англия, «Коринтианс»-и Бразилия ва «Бавария»-и Олмон дуборӣ Ҷоми қаҳрамониро дар ин мусобиқоти бошгоҳҳои ҷаҳон ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, “Челси” дар даври ниманиҳоии қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025 тими «Флуминенсе»-и Бразилияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, аввалин шуда ба финали мусобиқот роҳ ёфта буд.

“ПСЖ” бошад, дар бозии дуюми ниманиҳоии қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025 тими "Реал"-и Мадриди Испанияро бо ҳисоби 4:0 мағлуб карда, ба финали мусобиқот баромада буд.

Мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 15-уми июн оғоз ёфта буд, 13-уми июл ба поён расид.

Маблағи ҷоизаи мусобиқот 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медод. Ба дастаи ғолиб 125 миллион доллар тақдим гардид. Маблағи боқимонда байни иштироккунандгони дигари мусобиқот мувофиқи ҷойҳои ишғолкардаашон тақсим карда шуд.

Мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025:

Финал

13-уми июл (якшанбе)

“Челси” (Англия) – «ПСЖ» (Фаронса) – 3:0

Голҳо: Коул Палмер, 22 (1:0), Коул Палмер, 30 (2:0), Жоао Педро, 43 (3:0).

MetLife Stadium (Ню-Ҷерси)