Дар ҳамла ба нуқтаи тақсими об дар Ғазза 8 кас кушта шудааст

Бар асари бархӯрди мушаки артиши Исроил ба нуқтаи тақсими об дар урдугоҳи гурезаҳои Нусейрат дар Ғазза, дастикам 8 нафар кушта ва 17 нафар захмӣ шуданд.

Хабаргузории "Ройтерз" бо такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар дод, ки шаш нафар аз қурбониён кӯдак ҳастанд. Вазъи бисёре аз захмиён вазнин гуфта мешавад.

Артиши Исроил гуфт, ки мушак ба сӯи як ҷангҷӯи гуруҳи "Ҷиҳоди исломӣ" партоб шуда буд, аммо "ба далели корношоямӣ" мушак чанд метр дуртар афтид. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи “Ҷиҳоди исломи”-ро созмони террористӣ медонанд. Исроил гуфтааст, таҳқиқи сабабҳои ҳодиса идома дорад.

“Артиши Исроил аз ҳамагуна зараре, ки ба ғайринизомиён расонида шудааст, изҳори таассуф мекунад,”-омадааст дар изҳороти артиши Исроил.