Даргузашти Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молия

Сафаралӣ Наҷмиддинов. Акс аз бойгонӣ

Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон дар синни 73-солагӣ даргузашт. Дар ин бора саҳифаи Вазорати молия дар Фейсбук хабар додааст.

Мақомот дар бораи сабаби марги Наҷмиддинов чизе нагуфтаанд.

Сафаралӣ Наҷмиддинов яке аз мансабдорони собиқадори ҳукумати Тоҷикистон буд. Ӯ солҳои 2000-2013 вазири молия ва баъди он то соли 2019 директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа буд.

Номи Сафаралӣ Наҷмиддинов замони кораш дар Оҷонсии суғурта, бештар дар робита ба нафақаҳои ҳангуфт ва нафақаи муҳоҷирон расонаӣ шуда буд.