Артиши Исроил рӯзи 16-уми июл ба бинои Ситоди неруҳои мусаллаҳи Сурия воқеъ дар Димишқ ҳамлаи ҳавоӣ кардааст.
Ду манбаи амниятии Сурия ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтаанд, ҳамлаи ҳавоии Исроил бинои Вазорати дифои Сурияро ҳадаф қарор додааст. Ҳанӯз ҷузъиёти бештар дар бораи ин ҳамла мунтазир нашудааст.
Бар асоси ин гузориш, атрофи дафтари президенти Сурия низ аз сӯи неруи ҳавоии Исроил бомборон шудааст.
Исроил гуфт, ки ҳадафаш аз ҳамла, ҳимоят аз ақалияти дурузҳо мебошад. Дар даргириҳо миёни дурузҳо ва неруҳои Сурия дар рӯзҳои ахир, зиёда аз 200 кас кушта шудааст.
Баъди оғози даргирӣ миёни ақалияти дурузҳо ва неруҳои Сурия дар аввали ин ҳафта, артиш ба шаҳри ас-Сувайда ворид шуд. Тибқи гузоришҳо, 15-уми июл артиши Исроил ба неруҳои ҳукуматии Сурия дар ас-Сувайда зарба задааст.
Шайх Ҳикмат ал-Хаҷри, яке аз роҳбарони ақалияти дуруз, ҳукумати Сурияро ба нақзи оташбас ва бомборон кардани шаҳр муттаҳам кард. Артиши Сурия мегӯяд, танҳо ба ҳамлаҳо посух додааст.