"Хуттали Қадим" ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд

Ёдгориҳои мероси фарҳангии "Хуттали Қадим", ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО), ворид гардид.

Ба иттилои Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, ёдгориҳои мероси фарҳангии "Хуттали Қадим", рӯзи 11 июл дар ҷаласаи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар Порис -- пойтахти Фаронса, шомили ин феҳрист шуд.

Тавре Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО мегӯяд, номинаи мазкур 11 ёдгориҳои бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад.

Инҳо Дайри Буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратепа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри Буддоии Хишттеппа ҳастанд.

"Хуттали Қадим" панҷумин мавзеи Тоҷикистон аст, ки ҳамчун мероси ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад.

Ёдгории табиии "Боғи миллии Тоҷикистон", шаҳри бостонии Саразм, инчунин мусиқии миллии "Шашмақом", ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, таоми миллии "Оши палов" ва "Чакан, санъати зардӯзӣ дар Тоҷикистон", аз ҷумлаи дигар мероси фарҳангии мардуми тоҷик ба шумор мераванд, ки аз сӯи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии башарият ворид гардидаанд.