Милисаи Душанбе 90 касро барои фолбинӣ ҷазо додааст

Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд, дар нимаи аввали соли равон танҳо дар пойтахти кишвар 90 кас барои фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷазо гирифтанд.

Дар хабарномаи расмӣ нисбати 84 кас парвандаи маъмурӣ тартиб дода, онҳо ҷарима шудаанд.

Аммо ба гуфтаи мақомот, 6 нафари дигар, ки такроран ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ даст заданд, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, "нисбаташон ҷазои сазовор татбиқ гардидааст".

Мақомот мушаххасан ҷазои онҳоро нагуфтанд. Мақомоти Тоҷикистон аз аввали имсол як маъракаи мубориза бо фолбинон ва ҷодугаронро оғоз карданд.

Вале пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.