Рӯзи 14 июл президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки ба Украина силоҳ мефиристад. Дар айни замон ӯ ҳушдор дод, ки агар Русия ба сулҳ мувофиқат накунад, ҳамкорони тиҷории Маскавро таҳти таҳрим қарор хоҳад дод.
Коршиносон ин тасмими Трампро тағйири муҳими сиёсат дар муқобили Русия меноманд, ки бар пояи навмедӣ аз ҳамлаҳо ба ҳамсоякишвараш маншаъ мегирад.
Дар поёни мулоқот бо дабири кулли паймони НАТО Марк Рютте дар Кохи Сафед президент Трамп гуфт, ки силоҳи Амрико ба маблағи миллиардҳо доллар тавассути кишварҳои НАТО ба Украина фиристода мешавад.
Ӯ гуфт: "Мо бо дабири кулли паймони НАТО мулоқоти бузурге доштем. Мо дар мавриди Украина иқдоми каме дигаре гирифтем. Мо ба НАТО миқдори зиёди силоҳ мефиристем. Онҳо пули силоҳро 100 дарсад пардохта, ба Украина мерасонанд".
Дар бахши нави содироти силоҳ ба Украина пойгоҳҳои зиддиҳавоии "Пэтриот" низ шомил мешаванд, ки Украина ба он шадидан эҳтиёҷ дорад. Ба қавли Рютте, Олмон, Финландия, Дания, Шветсия, Норвегия, Бритониё, Нидерланди ва Канада дар хариди силоҳ ба Украина саҳмгир хоҳанд буд.
Марк Рютте, дабири кулли паймони НАТО, ки шоми 14 июл дар канори Трамп нишаста бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт:
"Агар ман Путин мебудам ва мешунидам, ки имрӯз шумо тасмим гирифтаед, ки баъди 50 рӯз даст ба кор мешавед, ман шояд музокирот бо Укранаро нисбат ба ҳозира ҷиддитар мегирифтам. Ба фикрам барои онҳо ин хабари калон аст."
Воқеан Трамп ба Путин барои ҷилавгирӣ аз таҳрим муҳлат додааст. Трамп дар ин бора чунин гуфт: "Мо нороҳат ҳастем, ман аз Русия нороҳатам. Дар ин бора шояд рӯзи дигар суҳбат кунем. Вале агар мо дар давоми 50 рӯз шоҳиди созише нашавем, мо дар ҳаҷми 100 дарсад таъруфа ҷорӣ мекунем. Шумо онҳоро таъруфаи сонавӣ меномем".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Трамп ба Путин 50 рӯз фурсат дод, ки ба ҷанг хотима диҳад, вагарна...
Таъруфаи сонавӣ ё иловагӣ ба кишварҳое марбут аст, ки ҳам бо Русия ва ҳам бо ИМА тиҷорат мекунанд.
Хабарнигори Рейтерс менависад, ки дар давоми се соли ҷанги Украина тиҷорати мамолики ғарбӣ бо Русия ба ҳадди имкон коҳиш ёфтааст, вале таъруфаи сонавӣ кишварҳои шабеҳи Чину Ҳиндустонро дар бар хоҳад гирифт, ки аз Маскав бо нархи паст маводи сӯхт мехаранд.
Собиқ сафири Амрико дар Украина Вилям Тейлор мегӯяд, тағйири мавқеъгирии Трамп паёмади мусбат хоҳад дошт. Ӯ мегӯяд:
"Путин як монеа мебошад. Монеа ба талошҳои хатми ҷанг аст, ки Трамп дар ин самт талошҳое ба харҷ медиҳад ва дар пайи бомбаборонҳои шабонаи Украина аз вазъи мардум нигарон мебоша. Таркиби ин ду омил тағйир ёфт."
Аммо мақомдорони Русия исрор меварзанд, ки тадбирҳои Трамп ба нақшаҳои Кремл ҳеҷ таъсир нахоҳанд дошт. Константин Косачев, муовини раиси Шӯрои федеролӣ - палатаи болоии парлумони Русия дар шабакаи Телеграмм навиштааст, ки “дар 50 рӯз дар ҷабҳаи ҷанг ва дар афкори мардуми кишварҳои ғарбӣ ҳар чиз метавонад рӯй диҳад. Он ба мавқеъгирии мо тағйире нахоҳад овард!", гуфтааст Косачев.
Дирӯз дар пайи эълони иқдомҳои Трамп бозорҳои саҳҳоми Русия ҳамагӣ дуву аз даҳ ҳафт дарсади қурби худро аз даст дода, устувор боқӣ монданд. Яъне сармоягузорони рус интизор доштанд, ки Кохи Сафед таҳримҳои бештару амиқтар ҷорӣ хоҳад кард.