Се шарти Нетаняҳу барои ҳимоят аз тавофуқи эҳтимолии Амрико ва Эрон

Нахуствазири Исроил мегӯяд, танҳо бо се шарт аз тавофуқи эҳтимолии Амрико ва Эрон ҳимоят мекунад. Комилан даст кашидан аз ғанисозии уран, қатъи тавлиди мушакҳо бо бурди зиёда аз 300 мил (482 километр) ва худдорӣ аз пуштибонии гуруҳҳои шибҳинизомӣ дар Ховари Миёна, аз шартҳои Бенямин Нетаняҳу барои ҳимоят аз созиши эҳтимолӣ бо Эрон будааст.

Нетаняҳу дар мусоҳиба бо шабакаи Fox News гуфт, Ҷумҳурии исломӣ бояд бар асоси созишномаҳои байнулмилалӣ, тавлиди мушакҳо бо бурди зиёда аз 300 мил (482 километр)-ро қатъ кунад.

Эрон дар посух ба ҳамлаҳои Исроил дар тӯли 12 рӯзи ҷанг, бо мушакҳои баллистикӣ шаҳрҳои Исроилро ҳадаф қарор дод. Теъдоде аз мушакҳои эронӣ аз низоми дифои ҳавоии Исроил гузашта, хисорот ва талафоте дар пай доштанд.

Нахуствазири Исроил ҳамчунин гуфт, як шарти асосии ӯ барои ҳимоят аз созиши эҳтимолии Амрико ва Эрон ин аст, ки Ҷумҳурии исломӣ бояд "меҳвари террор"-ро канор гузорад. Ишораи Нетаняҳу ба ҳимояи Теҳрон аз гуруҳҳои ниёбатӣ дар Ховари Миёна, азҷумла "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ҳусиҳои Яман ва гуруҳҳои шибҳинизомӣ дар Ироқ аст.

Нахуствазири Исроил илова кард, ки агар Эрон ба шартҳои ӯ розӣ нашавад, бояд Ҷумҳурии исломиро "дур нигоҳ дорем ва гузорем авзои даруни Эрон ба ҳар самте, ки дар ҳоли ҳаракат аст, пеш равад."

Теҳрон ва Вашингтон дар моҳҳои ахир панҷ даври музокироти ҳастаӣ баргузор карданд. Даври шашуми ин гуфтугуҳо қарор буд, 15-уми июн дар шаҳри Масқати Уммон баргузор шавад. Аммо дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Эрон дар рӯзи 13-уми июн, ин музокирот лағв шуд.

Мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ мегӯянд, Теҳрон таҳти ҳеч шароите ҳозир нест аз баҳри ғанисозии уран гузарад. Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон 12-уми июл ин мавзеи кишварашро такрор кард.

Замон ва макони даври баъдии музокироти Эрон ва Амрико маълум нест. Бенямин Нетаняҳу дар бахши дигаре аз мусоҳиба муддаӣ шуд, ки ҳукумати Эрон баъд аз ҷанги 12 рӯза бо Исроил ба "дарди сари бузурге" гирифтор шудааст.

Нетаняҳу ҳамчунин гуфт, агар Исроил ва ИМА ҳамла намекарданд, Эрон метавонист давоми як сол ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад. Нахуствазири Исроил изҳор дошт, ки агар Эрон ба бомби ҳастаӣ даст меёфт, "ҳақиқатан аз он истифода ва моро нобуд мекард."

Мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ борҳо гуфтаанд, барномаи ҳастаии ин кишвар сулҳомез аст ва қасди сохтани силоҳи ҳастаиро надоранд. Аммо ғанисозии аз ҳад беши уран, шубҳаву гумонро ба ҳарфҳои мақомдорони эронӣ зиёд кардааст.

Бенямин Нетаняҳу дар мусоҳиба бо Fox News ҳамчунин гуфт, Сипоҳи посдорон кӯшиш дошт, ки баъди шикасти гуруҳҳои тарафдораш дар Ховари Миёна, урани ғанишударо ба силоҳ табдил кунад.

"Мо ин вазъро дидем, арзёбӣ кардем, ки дар як сол ба бомби атомӣ хоҳанд расид ва бархилофи қудратҳои ҳастаии дигар, аз он истифода хоҳанд кард. Истифодаи ҳақиқӣ ва дар он сурат мо нобуд мешудем,"-афзуд Нетаняҳу.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз замони маъракаи интихоботиаш борҳо гуфтааст, ки намегузорад, Эрон ба силоҳи атомӣ даст ёбад. Як шарти Трамп барои созиш бо Эрон, пурра канор гузоштани барномаи ҳастаӣ аст.

Ҳавопаймоҳои Амрико шаби 21-уми июн ба се иншооти ҳастаии Эрон - Форду, Натанз ва Исфаҳон бомбҳои азиме андохтанд. Доналд Трамп баъди ин ҳамлаҳо гуфт, ниҳодҳои ҳастаии Эрон комилан нобуд шуданд. Вале бархе расонаҳо, азҷумла CNN, The New York Times бо такя ба манобеи худ навиштанд, ҳамлаҳои Амрико барномаи ҳастаии Эронро танҳо муваққатан манъ кард.

Вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки дар ҳоли арзёбии хисороти воридшуда ба таъсисотҳои ҳастаии Эрон ҳастанд.

Дар пайи ҳамлаи Амрико ва Исроил ба ниҳодҳои ҳастаӣ, Эрон ҳамкорӣ бо Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ)-ро қатъ кард. Рафаэл Гросси, дабири кулли Оҷонс гуфт, ки феълан дар бораи вазъи таъсисоти ҳастаӣ ва захираи урани ғанишуда маълумоте надоранд.