Сабаби суқути ҳавопаймои Ҳиндустон эълон шуд

Идораи ҳавонавардии Ҳиндустон гузориши пешакӣ аз суқути ҳавопаймои Boeing 787 Dreamliner-ро нашр кард. Дар ин ҳодиса, ки 12-уми июни имсол рух дод, 274 кас ҳалок шуд.

Гузориш бар асоси маълумотҳои сабти парвоз ва дурбинҳои назоратӣ таҳия шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳавопаймо бо сабаби аз кор мондани дастгоҳи интиқоли сӯзишворӣ суқут кардааст. Ҳанӯз маълум нест, ки низоми додани сӯзишворӣ чаро аз кор мондааст.

Ба гузориши коршиносон, дастгоҳи додани сӯзишворӣ баъди парвоз дарҳол ба ҳолати "хомӯш" гузаронда шудааст. Яке аз халабонҳо ба ҳамкораш дар ин бора хабар медиҳад, аммо халабони дуввум мегӯяд, ки коре накардааст.

Дар гузориш омадааст, ки баъди 10 сония интиқоли сӯзишворӣ аз сар гирифта мешавад, ки вале яке аз муҳаррикҳо саривақт ба кор намедарояд.

Гуфта мешавад, ки вазъи саломатии ҳарду халабон пеш аз парвоз хуб буд. Суоли асосӣ дар назди тафтишот ин аст, ки чаро халабон дар қисмати муҳими парвоз, дидаву дониста интиқоли сӯзишвориро қатъ кардааст?

Ҳавопаймои навъи Boeing 787-8 Dreamliner рӯзи 12-уми июн аз Аҳмадобод ба Лондон бояд парвоз мекард, баъди чанд дақиқаи аз замин боло шудан суқут кард. Дар наворҳо дида мешавад, ки баробари ба замин бархурдан ҳавопаймо метаркад. Дар ин ҳодиса 274 кас ба ҳалокат расида, фақат як мусофир зинда монд. Ҳавопаймо ба болои бинои коллеҷи тиббӣ афтид. Дар онҷо 10 пизишк ва аъзои оилаашон ҳалок шуданд.