Вазорати тандурустии Тоҷикистон марги як сокини ноҳияи Хуросон аз бемории сӯхтаниро рад кардааст. Аммо ин ниҳод тасдиқ кардааст, ки дар ноҳияи Хуросон се кас ба бемории сӯхтанӣ гирифтор шуда, шифо ёфтаанд.
Рӯзи 9-уми июн пайвандони Қамариддин Раҳимов, сокини ноҳияи Хуросон гуфта буданд, ки эҳтимолан бародарашон баъди истеъмоли гӯште, ки аз дӯкони деҳа харида буд, ба бемории сӯхтанӣ гирифтор шуда, фавтид.
Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, сабаби марги Раҳимов бемории ҷигар аст. Дар Вазорати тандурустӣ гуфтанд, гӯштеро, ки ин сокини Хуросон гӯё аз он сироят ёфтааст, санҷиданд ва дар он аломатҳои бемории сӯхтанӣ пайдо нашуд.
Иттилои алтернативӣ дар ин бора дастрас нест.
Вазорати тандурустӣ далел овардааст, ки агар Қиёмиддин Раҳимов баъди истеъмоли гӯшти аз дӯкони деҳа харида сироят мешуд, бояд дигар сокинони деҳа ҳам ба бемории сӯхтанӣ мубтало мешуданд.
Бо ин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки се сокини ноҳияи Хуросон ба бемории сӯхтанӣ сироят ёфта, баъди табобат сиҳат шуданд.
Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад.
Дар ҳоле, ки иттилои алтернативӣ дар даст нест, Вазорати тандурустӣ хабарҳо дар бораи сӯзондани даҳ гов дар ноҳияи Хуросонро баъди мубтало ба сӯхтанӣ, рад кардааст.
Сӯхтанӣ як бемории хатарноке мебошад, ки аз ҳайвон ба инсон мегузарад.