Криптовалюта ё пули рақамӣ дар Тоҷикистон расман эътироф нашудааст, вале суҳбатҳо аз зарурат ва бурду бохти истифодаи он дар кишвар садо медиҳад.
Фарангис Саидова, сокини Душанбе аз ду нозири роҳ шикоят дорад, зеро ба қавли ӯ, барои надоштани иҷозанома барои мошини сиёҳшиша беш аз 9 ҳазор сомонӣ ҷаримааш кардаанд.
Дар ҷараёни сафари давлатии Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон дар рӯзи 8-уми июл байни ду тараф 13 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Як зани тоҷик мегӯяд, ду сол пеш аз Русия ихроҷ шуд ва дар ин муддат шавҳараш иҷоза намедиҳад, ки кӯдаконаш бо ӯ гап зананд. Шавҳар ва кӯдакони ин зан дар Русия ҳастанд. Шавҳараш мегӯяд, ба тамоси кӯдакон бо модар зид нест, вале ба Тоҷикистон бурдани онҳоро мақомоти Русия иҷоза надодаанд.
Як зани тоҷик мегӯяд, ду сол пеш аз Русия ихроҷ шуд ва дар ин муддат шавҳараш иҷоза намедиҳад, ки кӯдаконаш бо ӯ тамос гиранд. Шавҳар ва кӯдакони ин зан дар Русия мондаанд. Шавҳараш мегӯяд, ба тамоси кӯдакон бо модар зид нест, вале ба Тоҷикистон бурдани онҳоро мақомоти Русия иҷоза надодааст.
Порлумони Тоҷикистон аз тарҳи тағйирот ба созишномае ҷонибдорӣ намуд, ки он бахшиш ё аз эътибор соқит намудани қарзи “Барқи тоҷик”-ро назди нерӯгоҳи «Сангтуда-1» ва дар иваз тамдиди муҳлати истифодаи ин нерӯгоҳро аз сӯи Русия пешбинӣ мекунад.
Як корманди собиқи вазорати корҳои дохилӣ, ки аз кор озод шудааст, мехоҳад, ӯро дар мақоми пешинааш барқарор кунанд, зеро рафтори вазорат бо ӯ бар хилофи қонун будааст.
Бархе аз муҳоҷирони меҳнатии собиқ, ки солҳо дар Русия будаанд, мегӯянд, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар ин кишвар кори онҳоро душвор кардааст ва ҳоло нияти рафтан ба Русияро надоранд.
Ронандагони таксӣ дар Душанбе нигаронанд, ки чор ширкати дорои иҷозаи мусофиркашонӣ ба онҳо барои идомаи кор рафтори ноодилон доранд.
Вале сокинон мегӯянд, мушкил аз байн нарафт ва баръакс гузаштани пиёдагардоҳоро мушкил кард.
Агар умр вафо мекард, рӯзи 29 май коргардони маъруфи синамо Бахтиёр Худойназаров 60-сола мешуд. Ӯ даҳ сол пеш дар Берлин, дар авҷи камолоти эҷодӣ дар синни 49-солагӣ даргузашт, вале дар ҳамин муддати кӯтоҳи умраш ҳам тавонист як таҳаввулоти ҷиддие дар муаррифии филми тоҷик дар ҷаҳон барпо кунад.
Дар ҳоле, ки ронандагони баъзе ширкатҳои таксиронӣ дар Душанбе аз гирифтани рақамҳояшон шикоят доранд, пушти дари ширкати «Эко такси» ин шабу рӯз серодам аст. Ронандагоне, ки аз дигар ширкатҳои таксиронӣ ронда шудаанд, бо умеди идомаи кор ба «Эко такси» муроҷиат кардаанд.
Рӯзи 14-уми май пушти дари ширкати “ЭКО таксӣ” ё маъруф бо 90- 90 навбатпоии ронандагон буд. Баръкси дигар ширкатҳои таксиронӣ зоҳиран муроҷиатҳо ба ин ширкат барои ба кор қабул намудан бештар аст.
Сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 5 май дар саҳифаи фейсбукияш аз эълони натиҷаҳои Green Card ё лотереяи ҳақи иқомат дар ИМА хабар дод. Ба иттилои расмӣ, имсол тахминан се ҳазор нафар аз Тоҷикистон барандаи лотерея гардиданд.
Тақрибан 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барандаи гринкард ва ё корти сабзи Амрико дар соли 2025 шудаанд, ки яке аз роҳҳои асосӣ ва қонунии сафар ба ин кишвар аст.
Ёфтҳои бештар